ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида шаванд.
Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки комиссияҳои даъватӣ корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро риоя намоянд.
Қайд карда шудааст, ки ин масъала ахимран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати дифои Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъулини вазорати дифоъ ва ситоди кулли артиш дар ин ҷаласа даъвати баҳории соли 2025 –ро баррасӣ намуданд ва пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳуриро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Дар ҷаласа ба масоили муайян намудани шумораи мушаххасси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳолатҳои рух додани ҷинояткорӣ, кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар артиши Тоҷикистон қайд гардид.
Вазири дифои кишвар Эмомалӣ Собирзода бо таҳлили вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, инчунин авҷ гирифтани ихтилофу зиддиятҳо дар як қатор кишварҳои алоҳида таъкид кард, ки ба тоҷикистониён зарур аст аз ҳарвақта бештар ҳушёру зирак бошем, тамоми вазифаву уҳдадориҳои дар самти таъмини мудофиаи давлат ва амнияти мардум бар уҳдадоштаро бо масъулиятияти баланд иҷро намоем.
Ҳамзамон, ба масъулини ҷузъу томҳо дастур дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯза ба сатҳи касбият, донишу таҷрибаи ҳайати шахсӣ, омодабошии доимии ҷангӣ ва сатҳи баланди таъминоту хизматрасонӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият аҳамияти аввалиндараҷа равона карда шавад.