ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун дар бораи тасвиби протокол дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба созишномаи ҳамкории кишварҳои узви СПАД дар заминаи ҳамлу нақли воҳидҳои низомӣ ва дигар воҳидҳо пешниҳод шудааст.
Ҳуҷҷат бо пешниҳоди президенти Русия Владимир Путин барои баррасӣ фиристода шудааст. Дар созишнома инчунин шартҳои интиқоли маҳсулоти низомӣ мушаххас шудааст.
Ҳуҷҷат 15 сентябри соли 2015 ба имзо расида, дар пойгоҳи додаҳои Дума дастрас аст.
Гуфта мешавад, ки протокол ба беҳбуди танзими ҳуқуқии ҳамлу нақли воҳидҳои нерӯҳои низомии амнияти дастаҷамъии СПАД ҳангоми ҳалли вазифаҳо аз рӯи таъинот ё иштирок дар машқҳои муштарак равона шудааст.
Тибқи матн, ҳамлу нақл ва транзит пас аз тасдиқи пешакӣ ва банақшагирии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори тарафҳои шартнома амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, транзити аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва амволи ҳарбию техникӣ бо иҷозати дахлдори мақомоти салоҳиятдори тарафҳои транзит анҷом дода мешавад.
Иҷозат бояд на дертар аз 30 рӯз пеш аз оғози интиқол дода шавад. Аммо дар сурати таҷовузи мусаллаҳона, чолишҳо ва таҳдид ба амнияти дастаҷамъӣ, вазъиятҳои буҳронӣ мӯҳлати пешниҳоди ариза барои тасдиқи нақлиёт набояд аз як рӯз зиёд бошад.