Тоҷикистон метавонад барои дигар кишварҳо ба як минтақаи транзитӣ табдил ёбад

Вазири нақлиёти кишвар дар дидор бо сафири Арманистон гуфт, ки табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сафири Арманистон дар Тоҷикистон Армен Гевондян дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистонро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар дод.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва зарурати тақвияти талошҳои муштарак барои истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар ва беҳдошти нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистону Арманистон гуфтугӯ карданд.
“Тадбирҳои минбаъда оид ба муайян сохтани хатсайрҳои нави мутақобилан судманд, аз ҷумла долонҳои мултимодалии нақлиётӣ баррасӣ карда шуданд. Ҷонибҳо доир ба ин масъала назари худро баён доштанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазири нақлиёти кишвар дар ин дидор қайд кардааст, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат муайян карда шудааст.
“Рушди соҳаи нақлиёт, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, таъсис ва тавсеи долонҳои транзитии нақлиётӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ дар роҳи ноил шудан ба ин ҳадаф арзёбӣ гардидаанд”, - гуфт Азим Иброҳим.
Вазири тоҷик ба аҳамияти фаъолсозӣ ва истифодаи долони нақлиётии мультимодалии "Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо" махсус таъкид кард.
Аз лағви раводид то транзит тариқи "Чобаҳор": Тоҷикистону Эрон 19 санад имзо карданд
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон метавонад ва ба нақша гирифтааст, ки барои дигар кишварҳо минтақаи қулаи транзитии марбут ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз қабили ТРАСЕКА ва ЭСКАТО гардад, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Арманистонро дарбар мегиранд.
Сафир Армен Гевондян дар бораи тадбирҳое, ки аз ҷониби Арманистон бо мақсади таъсиси долонҳои нав ва фаъол гардонидани долонҳои мавҷудаи нақлиётӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, сохтмони долони нақлиётии "Шимол – Ҷануб", ки ба роҳандозии ҳамлу нақли транзитӣ байни Гурҷистон, Туркия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, инчунин иштирок дар лоиҳаи "Чорроҳаи ҷаҳон", ки навсозии шабакаи алоқаи нақлиётиро дар Қафқози ҷанубӣ бо нақши марказии Арманистон дар он дар назар дорад, маълумот дод.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Арманистон ҷиҳати идома додани муколамаи зич бо мақсади таҳия ва татбиқи минбаъдаи пешниҳодҳо оид ба хатсайрҳои ояндадор, ки ҳамкории иқтисодӣ тақозо мекунад, ба мувофиқа расиданд.