Рустам Эмомалӣ дар Иди Қурбон сокинонро ба кӯмаки ниёзмандон ва сарфакорӣ даъват кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ сокинон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Иди Қурбон табрик гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар паёми табрикотиаш ба муносибати Иди Қурбон таъкид кардааст, ки Иди Қурбон рамзи адолату инсонпарварӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва меҳру муҳаббат ба инсонҳост.
Вай сокинонро ба раҳму шафқат, бахшишу меҳрубонӣ ва кумаку дастгирии ҳамдигар даъват кард.
“Дар ин айёми муборак ҳар яки моро зарур аст, ки дар баробари ба ҷо овардани рукни қурбонӣ, ба ятимону шахсони бепарастор, маъюбону беморон ва оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз намуда, аз аҳволашон бохабар бошем”, - қайд кард Рустами Эмомалӣ.
Ҳамчунин вай аз мардум хост, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, то арзишҳои аслии ин ҷашни суннатӣ ба монанди накукориву хоксорӣ ва сарфакориву инсондӯстӣ дар замири насли наврас тақвият ёбанд.
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард.
Дар паёмаш раиси шаҳри Душанбе Иди Қурбонро ба ҳамдиёрон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамон шодбош гуфт.
“Ба ҳар як хонадон сулҳу сафо, баракати рӯзгор, саломатии комил ва ба кишвари азизамон амну фаровонӣ орзу менамоям”, - зикр кард Рустам Эмомалӣ.