Мақомот муҳоҷирони меҳнатиро аз эҳтимоли бекор шудани патент ҳушдор дод

Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки дар Русия аз аввали соли равон то инҷониб 21,5 патентҳои додашуда бекор карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар даъват кардаааст, ки талаботи қонунгузории Русияро риоя намоянд.
Ин ниҳоди давлатӣ ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки огоҳинома дар бораи шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо саривақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Русия ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Мулоқоти хосаи Рустам бо Путин: Аз муҳоҷират то тарғиби фарҳанги русӣ
Ин манбаъ ёдовар шудааст, ки аз аввали соли 2025 то инҷониб 21,5 ҳазор иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ (патент) дар Русия бекор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 ҳолати мазкур се маротиба афзоиш ёфтааст.
Намояндагӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва пеш омадани мушкилот дар ин самт ба мутахассисони ин ниҳод муроҷиат намоянд.