ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба иттилои ВКД Тоҷикистон санаи 4-ум ва 5-уми июн дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои муҳим дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
Бинобар ин ҳаракати мошинҳо дар баорхе аз кӯчаҳои шаҳр маҳдуд мешавад.
Ба иттилои манбаъ, санаи 4-уми июн аз соати 13:30 то соати 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои М.Мастонгуов, А.Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегардад.
Ҳамзамон санаи 5-уми июн низ аз соати 8:00 то 15:00 муваққатан маҳдудшавии ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои С.Айнӣ, А.Дониш ва М.Мастонгулов дар назар дошта шудаанд.
ВКД аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодурусти нақлиёт дар кӯчаҳои зикргардида худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 4-5 июн Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргнузор мешавад. Дар ин чорабинӣ нахуствазирони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд кард.