Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни Русия бо як зарбаи мушаки Искандар падофанди ҳавоии IRIS-T-и сохти Олмонро дар вилояти Днепропетровск нобуд карда аст.
"Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба мавқеъи системи падофанди ҳавоии IRIS-T-и қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи аҳолинишини Желобоки вилояти Днепропетровск зарбаи мушакӣ анҷом доданд".
Дар посух ба ҳамлаҳои душман ба иншоотҳои ғайринизомӣ, артиш мунтазам ба ҷойҳои ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, инчунин ба инфрасохтор: иншооти энергетикӣ, саноати мудофиа, маъмурияти ҳарбӣ ва коммуникатсияҳои Украина зарбаҳои ҳадафнок мезананд.
Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков борҳо таъкид кардааст, ки артиш ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ зарба намезанад.