Мақомоти Тоҷикистон: Лоиҳаи CASA-1000 то декабри 2026 такмил хоҳад шуд

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи CASA-1000 дар авоили соли 2027 милодӣ ба баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки лоиҳаи интиқоли барқ CASA-1000 байни Покистону Тоҷикистон то декабри соли 2026 такмил хоҳад шуд, “Афғонистон Интернашинал”.
Вай гуфт, ки ин лоиҳа дар авоили соли 2027 милодӣ ба баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд.
Ин мақомдори тоҷик эълом кард, ки зарфияти интиқоли энержии лоиҳаи CASA-1000 баробар бо 1300 мегаватт хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа ҳалқаи иртиботӣ барои интиқоли энержӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон эҷод хоҳад кард ва энержии покро дар ихтиёри кишварҳои минтақа қарор медиҳад.
ҶамшедШоимзода ҳамчунин афзуд, ки ин лоиҳа ба таъмини ниёзҳои энержии Покистон кумак карда ваҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи энержиро тақвият хоҳад кард.
Лоиҳаи CASA-1000, тарҳи минтақаӣ ба арзиши 1.2 миллиард долраст, ки бо ҳадафи иттисоли шабакаҳои барқи чаҳор кишвар Тоҷикистон, Қирғизстон, Афғонистон ва Покистон баҳрамандии муштарак аз мазоёии он тарроҳӣ шудааст.
Дар Душанбе Кодекси техникии лоиҳаи "CASA-1000" тасдиқ гардид
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар сафари ахираш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар, дидор ва дар бораи лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 гуфтугу кард.
Мақомҳои Афғонистон низ каблан эълом карданд ки ҳайате аз ин гурӯҳ дар нишаст CASA-1000 дар шаҳри Душанбе ширкат кард ва тавофуқномае бо Қазоқистон , Тоҷикистон ва Покистон бо ҳадафи тасриъи раванди иҷрои ин лоиҳа имзо кардаанд.