ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дигар ба афроде, ки барои пешвозу гусели мусофирон меоянд, иҷозаи вуруд ба минтақаҳои гуселро намедиҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти фурудгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Аз моҳи май пешвозу гусели мусофирон дар дохили фурудгоҳ манъ аст", - изҳор доштанд аз фурудгоҳи пойтахт.
Манбаъ афзуд, ин маҳдудият ба онҳое, ки мусофирони имконияташон маҳдуд, беморон ё кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, дахл надорад.
Ҳадаф аз ин чораандеширо манбаъ тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи меъёрҳои беҳдоштӣ арзёбӣ кард.
Таъкид шуд, ки барои афроди гуселу пешвозгиранда минтақаҳои махсуси интизорӣ сохта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Абдуллозода Исматулло собиқ директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва муовини ӯ, аввали моҳи май бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуданд. Сабаби барканории онҳоро хадамоти матбуоти роҳбари давлат дар ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ рабт дод.
Зимнан, бо фармони дигари президент ба ин мақом Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло таъйин гардид.
Шарифзода Зайнулло қаблан дар вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон кор мекард.