ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ зиёд шуд.
Инро гузориши Комиссияи иқтисодии Авруосиё тасдиқ мекунад.
Суръати баландтарини афзоиши миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Қирғизистон 19,5% ба қайд гирифта шудааст. Дар дигар кишварҳои узи иттиҳод нишондиҳанда чунин аст:
Русия - 16,2%;
Қазоқистон - 15,7%;
Арманистон - 14,3%;
Беларус - 17,2%.
Маълумоти бештарро метавонед аз тасвирбаён гирифт.

Сколько зарабатывают жители стран ЕАЭС
Пештар муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук изҳор дошт, ки Русия мехоҳад, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - ро пеш аз ҳама аз ҳисоби кишварҳое, ки шумораи зиёди муҳоҷирон аз онҳо меоянд, васеъ кунад.