ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, дар посух ба даъвати расмии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 29 май соли равон барои анҷоми сафари расмиидуҷониба ва низ ширкат дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряҳо, вориди шаҳри Душанбе мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.
Дар ин сафар теъдодии санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба имзои мақомот ду кишвар хоҳад расид.
Ориф тайи иқомати худ дар Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва бархе аз руасои ҳайатҳои ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд.
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли СММ, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои СММ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.