Пешниҳоди Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро муҳим донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо вориди шаҳри Душанбе шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор аз хонум Селеста Сауло, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.
Таъйиноти кадрӣ: Раҳмон дар чанд вазорату донишгоҳҳои Тоҷикистон тағйирот ворид кард
Қайд карда шудааст, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт.