ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Раёсати ВКД -и шаҳри Душанбе ронандаҳоро аз муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт хабардор кард.
Ба иттилои манбаъ, аз 29 то 31 май дар пойтахт Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
“Вобаста ба ин, муваққатан маҳдудшавии роҳҳо тавассути кӯчаҳои Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, ва хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва Ҳ.Шерозӣ дар назар дошта шудааст”, қайд намудааст Раёсати ВКД -и шаҳри Душанбе.
Ҳамзамон ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ намуда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 29-31 май дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Беш аз 2200 нафар аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштироки худро дар ин конфронс тасдиқ намуданд.
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намояндагони 65 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва 70 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла як нахуствазир, панҷ ноиби президент, панҷ муовини Дабири кулли СММ, ёздаҳ вазир ва дигар мақомоти баландпоя иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки конфронс марҳилаи муассир дар таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим шавад, зеро аҳамияти он сол то сол муҳимтар мегардад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои СММ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.