ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Филми "Тасодуфи одӣ"-и коргардони эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ ҷоизаи аслии ҷашнвораи Канн - "Нахли тиллоӣ"-ро гирифт.
"Дар мавриди ҷоизаи "Нахли тиллоӣ" бошад, интихоби мо ба асари Ҷаъфар Паноҳӣ "Тасодуфи одӣ" афтод,"- эълон кард ҳайати ҳакамони ҷашнвора таҳти раёсати ҳунарпешаи фаронсавӣ Ҷулетт Бинош.
Маврид ба зикр аст, ки ҷоизаи "Нахли тиллоӣ" болотарин ҷоиза дар ин ҷашнвора аст ва барои синамои Эрон дуввумин дастовар аст. Қаблан ин дастовардро филми коргардон Аббос Киёрустамӣ “Таъми гелос” ба даст оварда буд.
Филми "Як тасодуфи сода" триллерест, ки аз таҷрибаи худи Ҷаъфар Паноҳӣ дар зиндон илҳом гирифта шудааст, менависад расонаҳо.
Он достони маҳбусони собиқро дунбол мекунад, ки бо додситоние, ки дар зиндон онҳоро таҳқиру азият кардааст, рӯба рӯ мешаванд. Қаҳрамонон дар бораи куштани ӯ баҳс мекунанд, аммо азбаски ҳама дар давоми зиндон чашмонашон баста буданд, ҳеҷ кас комилан итминон дошта наметавонад, ки асири онҳо ҳамон як мард аст.
Ҷаъфар Паноҳӣ пас аз 22 соли танаффус бори аввал ба Канн омад. Соли 2010 ӯ барои фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон ба шаш сол маҳкум шуд. Ҳарчанд ҳукми зиндони ӯ ба ҳабси хонагӣ иваз карда шуд, аммо ба ӯро то 20 сол аз филмсозӣ ва додани мусоҳиба манъ карданд.
Дар соли 2022, коргардон дар ин парванда, гӯё ба далели нопурра буданаш боздошт ва ба зиндон фиристода шуд. Ӯ моҳи феврали соли 2023, пас аз чанд рӯзи гуруснанишинӣ озод карда шуд.
Ҳамакнун коргардони эронӣ барандаи ҷоизаҳои аслӣ дар ҳар се ҷашнвораи бузурги синемои Аврупост. Соли 2015 ӯ дар ҷашнвораи филми Берлин барои филми "Такси" барандаи ҷоизаи "Хирси тиллоӣ" ва соли 2000 дар ҷашнвораи синамои Венетсия барои филми "Доира" "Шери тиллоӣ" шуд.
Дувумин ҷоизаи муҳими ҷашнвора Гран-прии Канн бошад, ба филми "Арзиши эҳсосӣ"-и коргардони норвегӣ Йоахим Триер дода шуд.
Ҷоизаи "Камераи тиллоӣ" барои беҳтарин дебют насиби филми "Торти президент"-и коргардони ироқӣ Ҳасан Ҳодӣ шуд.
Ҷоизаи беҳтарин бозигари мард ба ҳунарманди бразилӣ Вагнер Моура, ки дар филми "Агенти махфӣ" бозӣ кардааст ва ҷоизаи беҳтарин сенариянависон ва коргардонҳои Белгия, бародарон Дарденна, Жан-Пер ва Люк барои филми "Модарони ҷавон" дода шуданд.
Ҷашнвораи солонаи филми Канн рӯзи 13 май дар Ривераи Фаронса барои бори 78-ум ифтитоҳ ёфт.