ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Душанбе ҷамъоварии пул аз волидон барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ манъ аст. Дар ин бора Раёсати маорифи пойтахт ёдовар шуд.
Манбаъ афзуд, тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе ҳама гуна ҷамъоварии маблағ барои таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ манъ аст.
Ҳамчунин ҷамъоварии маблағ барои баргузории "Занги охир" низ мумкин нест ва худи доир кардани ин чорабинӣ ҳам дар пойтахт ба мисли дигар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ манъ аст.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ҳанӯз соли 2017 "бо мақсади пешгирии фасод ва тамаъҷӯии ғайриқонунӣ" гирифта шудааст.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе зикр кард, ки ҳангоми ҷамъоварии маблағ дар мактабу боғчаҳо волидон метавонанд бо телефони боварӣ: +992 (37) 2213092 тамо гирифта арзу шикоят кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон сар аз соли 2016 баргузор шудани "Занги камолот" манъ шудааст. Дар макотиби Тоҷикистон дар ин рӯз, тибқи ҷадвал, хонандагон бо дарс фаро гирифта мешаванд.
Бояд гуфт, таҷрибаи акнун шашсолаи Тоҷикистонро вазоратҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ пиёда менамоянд.
Ҳамакнун дар ин се кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, тибқи қоидавҳои нав, баргузор кардани чорабинӣ, ҷамъоварии маблағ аз волидон, тақдими туҳфаҳои арзишманд ва зиёфат дар тарабхонаҳо мамнуъ шудааст.
Дар ин кишварҳо "Занги охирон" ҳамагӣ 45 дақиқа ва бидуни ҳузури меҳмонон дар саҳни мактабҳо баргузор мегардад.