ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Рӯзҳои наздик системаи "Дарвозаҳои электронӣ" -и фурудгоҳи Душанбе пурра ба кор медарояд.
Дар ин бора маркази матбуоти фурудгоҳ хабар дод.
Дар айни замон нармафзори "Дарвозаи электронӣ" нав карда мешавад, шарҳ дод манбаъ. Гуфта мешавад, ки ин система дар фурудгоҳи Душанбе бо ибтикори Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон насб шудааст.
Таҷҳизоти фаннӣ имкон медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар муддати кӯтоҳтарин аз назорати марзӣ гузаранд.
Дар оянда ин тадбир дар дигар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар низ амалӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки насби системаи "Дарвозаҳои электронӣ" ба рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фурудгоҳҳо мусоидат намояд.