ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон қазияи ба ҳалокат расидани кӯдаки дусола дар кӯдакистони хусусии "Саволу ҷавоб", ки дар Душанбе воқеъ аст, шарҳ дода, гуфт, гунаҳкорон ҳатман ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Ин ниҳод ба волидон ва наздикони кӯдак изҳори ҳамдардӣ баён намуда, аз паҳн шудани навор аз дохили ҷойи хоби кӯдак дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ кард.
Вазорат гуфт, чархондани навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси озурдагии бештарии ҳам волидони кӯдак ва ҳам шаҳрвандон мегардад.
"Дар атрофи ин воқеа овозаю ҳангома бардоштан ҳаргиз ба суди касе нест ва танҳо боиси печидатару пурғубор гардидани вазъ мешавад", - омадааст дар паёми ҳамдардии Вазорати маориф.
Ин ниҳод аз кулли шаҳрвандон хост, то анҷом ёфтани тафтишот аз пахши ҳар гуна наворҳо ва коштани шарҳҳо худдорӣ кунанд.
Вазорат илова кард, ки ҷараёни минбаъдаи ҳодисаро зери назорати ҷиддӣ гирифтааст ва аз натиҷаи он ҳамагонро огоҳ мекунад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт бинобар хунукназарии мураббия кӯдаки дусола аз панҷараи рахти хоб овезон шуда, ҷон аз даст дод.
Ин ниҳод гуфт, ҳоло нисбати мураббия парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Қаблан, вазири маорифи Тоҷикистон аз як қатор кӯдакистонҳо дар пойтахт дидан карда, аз камбудиҳои зиёд гуфт. Саидзода аз ҷумла камтаваҷҷӯҳӣ ва саҳлангории мудирони боғчаҳоро зикр кард.