ДУШАНБЕ, 23 мая — Sputnik. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ба тасвиб расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Бояд қайд кард, ки ин созишномаи таърихӣ 31 марти соли равон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба имзо расида буд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар парлумиони кишвар Созишнома маблағгузорӣ (Кумаки техникӣ барои маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии "Роғун") байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти кишвар "Дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Муродализода Далер баррасӣ гардид.
Инчунин дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", лоиҳаи Қонуни кишвар "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Тоҷикистон" мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қайд карда шудааст, ки вакилон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов созишномаҳои таърихӣ ба имзо расониданд.