ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам аст ва солҳои зиёд мавриди пайгард қарор дошт, ахиран боздошт шуд.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, номбурда дар қаламрави Озарбойҷон дастгир шуда, акнун бояд ба Русия истирдод шавад.
Манбаъ номбурдаро роҳбари як гурӯҳи бузург, ки ба хариду фурӯши маводи мухаддир муттаҳаманд муаррифӣ карда, зикр намуд, ки 11 сол боз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ӯро ҷустуҷӯ доштанд.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба интиқоли садҳои килограмм маводи мухаддири навъи ҳероин ба Русия муттаҳам аст.
"Эмомов Тағоймурод беш аз 11 сол бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ҳоло ӯ мунтазири истирдодаш ба қаламрави Русия аст", - гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Зикр гардид, ки нобурда тавассути шабакаи хаткашонҳо ба Русия садҳо килограмм ҳероин ворид кардааст.
Аксари масъулони ин қазия қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ба унвони созмондиҳанда алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон шоҳидӣ дода буданд ва бархе аз онҳо аллакай аз маҳбас озод шудаанд.
Феълан мақомотҳои зиддахли Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд.
Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як наркобарони 40 - солаи тоҷикро ҷустуҷӯ доранд, ки ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо машғул аст.
Ба иттилои Рамазон Раҳимзода, номбурда аз 3 сентябри соли 2019 таҳти пайгарди Интерпол қарор дошт, вале 6 сентябри соли 2023 дарҳол пас аз додани мақоми паноҳандаи сиёсӣ аз ҷониби Литва номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯии Интерпол хориҷ карда шуд.
Дар Тоҷикистон ӯ дар 10 парвандаи ҷиноии марбут ба қочоқи маводи мухаддир даст дорад.