ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Бахит Султонов афзоиши назарраси муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) -ро қайд кард.
"Аз замони эътибор пайдо кардани Аҳдномаи иттиҳод дар соли 2015 ҷараёни солонаи муҳоҷирати корӣ сеяк афзоиш ёфта, соли гузашта аз 1 млн нафар гузашт", - изҳор дошт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои муҳоҷирати ИДМ.
Вазири Комиссияи иқтисодии Авруосиё ба зарурати нигоҳ доштани мувозинат байни мониторинги ҷараёни муҳоҷират ва таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, қайд кард, ки ҳама гуна ташаббусҳои қонунгузорие, ки ба танзими соҳаи муҳоҷират нигаронида шудаанд, набояд ба меъёрҳои Шартномаи ИИАО мухолифат кунанд.
Султонов натиҷаҳои мониторинги ба наздикӣ анҷомёфтаи қонунгузории кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро оид ба риояи қонунгузории Иттиҳод муаррифӣ кард.
Вай қайд кард, ки кишварҳои иттиҳод ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳибихтисос чунин тадбирҳо андешида, рақамисозии хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ рушд мекунад.