ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Мухтор Заргаров собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Душанбе даргузашт.
Дар ин бора нашрияи "Паёми Душанбе" бо такя ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати пойтахт хабар додааст.

© Foto / Солдат России
Ба иттилои манбаъ, ин собиқадори ҷанг дар соли 102 -юми умраш даргузашт. Сабаби маргаш мушаххас нашудааст.
Мухтор Заргаров 29 апрели соли 1924 таваллуд шуда, баробари расидан ба синни 18 - солагӣ ихтиёран ба ҷанг рафт.
Ӯ дар муҳорибаҳои Курск, инчунин дар амалиётҳои ҷангӣ дар Беларус, Украина ва Лаҳистон ҳамчун пулемётчӣ иштирок кардааст.
Заргаров Иди Ғалабаро дар Кёнигсберг (Калининград) ҷашн гирифт.
Ӯ пас аз ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон баргашт ва дар сохтмони Нерӯгоҳи обӣ-барқии Варзоб ва Хуҷанд кор кардааст. Ҳамчунин дар барқарор намудани Қалъаи Ҳисор низ саҳм гузоштааст.
Марҳум то дами марг дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сар мебурд.
Бояд гуфт, акнун пас аз марги Мухтор Заргаров дар Душанбе ҳамагӣ як собиқадор - Бозор Нағзибеков, ки 15 ноябри соли 1926 таваллуд шудааст, боқӣ мондааст.
Қаблан, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар дод, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Ҳоло сафи онҳо ба 16 нафар кам шуд.
Аз ҳама беш ҳоло дар Хатлон - 8 собиқадор дар қайди ҳаёт қарор доранд. Пасон дар НТҶ -5 нафар, Суғд - 2 нафар ва Душанбе акнун як нафар даври пирӣ меронанд.