Буҳрони ғизо: Тоҷикистон зери сояи таҳдидҳои иқлимӣ ва иқтисодӣ

Тоҷикистон дар гузориши ҷаҳонии Буҳронҳои ғизои 2025 ба далели фишорҳои иқтисодӣ, гаронӣ ва тағироти иқлимӣ дар ҷамъи манотиқи нигаронкунанда рутбабандӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Гузориши ҷаҳонии Буҳронҳои ғизои 2025, ки бахше аз он мунташир шудааст, вазъият дар Осиёи марказӣ ба вижа дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Бар асоси ин гузориш, авомиле аз ҷумла бе суботии иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва осебпазирии боло дар баробари тағироти иқлимӣ, метавонад муҷиби ташдиди ноамнии ғизоӣ ва дастрасии камтари мардум ба гурӯҳҳои аслии ғизоӣ шавад.
Бар ҳамин асос, кишварҳои Осиёи марказӣ бо вуҷуди вобастагии зиёд вуҷуҳи ирсолӣ аз хориҷ, ба далели авомиле монанди густариши хушксолӣ, тағироти ногаҳонии дамо ва таъсии дигар падидаҳои иқлимӣ бар баҳраварӣ, сатҳи тавлиди маҳсулоти ғизоӣ ва дар ниҳоят бар дастрасии гуруҳҳои осебпазир ҷомеа ба ғизо, таъсири манфӣ пазируфтаанд.
Аз ҳамин рӯ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасте, ки ба тозагӣ бо кишоварзону фаъолони маҳаллӣ дар минтақаи Данғара дошт, масъалаи амнияти ғизоиро яке аз увлавиятҳои роҳбурдии ин кишвар хонд ва ҳушдор дод, ки сол ҷорӣ метавонад гармтарин сол дар таърихи сабт шудаи ин кишвар бошад.
Президенти Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳар оила бояд захираи дусолаи ғизо дошта бошад
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бар таъсии авомили ҷаҳонӣ монанди тағироти иқлимӣ, афзоиши қиматҳо ва танишҳои тиҷорӣ бар авзои дохилии ин кишвар ишора кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба мушкилоте монанди коҳиши тавлиди гӯшт ва тухми мурғ, аз кор афтодани истгоҳҳои пумпож ва сатҳи нокофии кишти сайфиҷот, анҷоми иқдомоти назир баҳрбардории беҳтар аз заминҳои кишвар, истифода аз фанновариҳои навин барои сарфаҷӯи дар энержӣ, киштҳои ҷойгузин ва тақвияти улуми кишоварзиро хостор шуд, то аз ин тариқ ба худкафои ғизоӣ даст ёбанд.