Нигаронии президент аз барқдуздӣ: ӯ ноҳияҳои исрофкорро гуфт

Президент аз талафоти барқ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки танҳо дуздии барқе, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Барлхӣ шудааст, метавонад се ноҳияро як моҳ пурра таъмин кунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дигарбора тасмимаш дар бораи ҷазо барои дуздиву исрофкории барқро шарҳ дод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як баромадаш гуфт, ки бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд, аммо омилҳое ҳастанд, ки ба ин халал эҷод мекунанд.
Ӯ аз аҳолӣ хост, ки ба масъалаи сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад, зеро талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.
Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20% ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст, ки ппрезидент онро боиси нигаронии ҷиддӣ хонд.
"Ҳоло он ки барои таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо қувваи барқ, ҳамагӣ 1,5 млрд соат зарур асту халос. Яъне қувваи барқи ҳоло дар Ватан истеҳсолшаванда пурра ба мардум мерасад ва зиёдатӣ мекунад, агар ҳисобу китоби дақиқ ба роҳ монда шавад",- гуфт Раҳмон.
Талафоти неруи барқ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, бахусус, дар шаҳри ноҳияҳои Рӯдакӣ 69%, Ҳисор 51, Вахш 36, Данғара 35, Восеъ 34, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҳамадонӣ 33%-ӣ, Ховалинг ва Кушониён 32, Шаҳринав 31, Левакант 30, Ваҳдат ва Фархор 29-фоизӣ, Ёвон ва Муъминобод 28-фоизӣ, Истаравшан ва Хуросон 27"-ӣ, Панҷ ва Файзобод 26%-иро ташкил додааст, ки баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, фақат дуздии барқе, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Барлхӣ шудааст, метавонад се ноҳияро як моҳ пурра бо барқ таъмин кунад.
Президент имзо кард: Дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии барқ зиндон мекунанд
Ӯ аз сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ низ нигаронӣ кард, ки 83,5%, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9% иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.
"Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯйи арзонии неруи барқ дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои дунё қарор дорад",- гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ аз мақомоти марбута хост, ки бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он тамоми чораҳоро биандешанд.