Тоҷикистон мехоҳад ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Узбекистон” ҳамроҳ шавад

Тоҷикистону Чин масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиётро ба шумули дурнамои тавсеаи инфрасохтори нақлиёт баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Вазири нақлиёти Чин Лю Вэй дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона масъалаи рушди минбаъдаи долони нақлиётии мултимодалии "Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо" баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, Тоҷикистон аз ҷиҳати коҳиши масофа ва хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда истифодаи ин долонро самаранок мешуморад ва он ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Зикр гадид, ки долони мазкур як қисми лоиҳаи "Як камарбанд – як роҳ" мебошад.
Илова бар ин, вазирони ду кишвар перомуни лоиҳаҳои таҷдиди гузаргоҳи назоратии "Қулма-Қаросу", ки ягона гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистону Чин мебошад, таҷдиди роҳи автомобилгард аз марзи маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ бо дарозии 235 ва Варшез - Кулма 296 километр, инчунин дар бораи дар шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе – Қулма", инчунин ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" изҳори назар намуданд.
Ҳамчунин вазирони нақлиёти Тоҷикистону Чин инчунин масъалаи дар Душанбе таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба хизматрасонии техникии мошинҳои барқӣ ва нобудсозӣ (ё коркарди) батареяҳои онҳоро баррасӣ карданд.
Ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барқарор мешавад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зарурияти афзоиш додани шумораи рухсатномаҳои мубодилашаванда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ бо мақсади мусоидат ба афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин, инчунин тезонидани расмиёти дохилидавлатиро ҷиҳати имзои лоиҳаҳои Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" ва Ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи якҷояи лоиҳаи долони нақлиётии "Чин – Тоҷикистон – Афғонистон" таъкид намуд.
Вазири нақлиёти Чин Лю Вэй изҳор дошт, ки ин пешниҳодотро дастгирӣ мекунад ва ба ҳалли мусбати масъалаҳои муҳокимашуда мусоидат хоҳад кард.
Вазири нақлиёти Чин Вазири нақлиёти кишварро ба Чин даъват кард.
Ӯ вазири тоҷикро барои иштирок дар Машварати XII вазирони нақлиёти давлатҳои узви СҲШ, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2025 таҳти раёсати Чин дар Пекин доир мегардад, даъват кард.