Барои модарони тоҷик дидори дастаҷамъона ба афсарону сарбозон роҳандозӣ мешавад

Призывники из Душанбе
Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва зисти сарбозону аскарон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои модароне, ки фарзандони онҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, "Корвони дидор" ташкил мешавад.
Интизор меравад, чорабинии мазкур моҳи июн роҳандозӣ шавад ва модарони тоҷик имкон доранд дастаҷамъона ба қисмҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ташриф оранд ва бо шарту шароити фарзандони сарбозу афсари худ ошноӣ пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, фарҳанг, маориф, КДАМ, телевизион ва радио ва дигар ниҳодҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин иқдом тадбирҳо меандешавад.
Ҳадаф аз ташкили "Корвони дидор" барои модароне, ки фарзандони онҳо дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хидмат мекунанд, ин беҳтар кардани шароити хизмат ва зисти сарбозону аскарон арзёбӣ шудааст.
Весенняя церемония призыва молодежи на военную службу
Хатлону Бадахшон аввалин шуда, нақшаи даъвати баҳориро иҷро карданд
Таъкид гардид, ки маҳз натиҷаи чунин тадбирандешиҳо буд, ки сол ба сол дар мамлакат теъдоди ихтиёриёни хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар меафзояд.
Маврид ба зикр аст, ки нақшаи маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиши Тоҷикистон имсол қабл аз муҳлат анҷом ёфт.
Вазорати мудофиа қаблан иттилоъ дод, ки "30 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид.
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши Тоҷикистон дар асоси Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" ва тибқи талаботи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" аз 1 то 30 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.