ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вориди пойтахти Эрон шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “ИСНА”.
Ба иттилои манбаъ, вазири хориҷаи Тоҷикистон зимни сафараш бо мақомоти олии Эрон дидору гуфтқгӯ хоҳад кард.
“Аз ҷумла Сироҷиддин Муҳриддин бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ва Сайидаббос Ароқчи, вазири умурхориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ хоҳад кард”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тавре ин хабаргузори хабар додааст 14-қмин маҷмаъ бо ҳузури теъдоде аз вузарои хориҷау соири мақомоти олии дигари кишварҳо дар Теҳрон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон бори ахир ба Эрон моҳи декабри соли гузашта сафар карда буд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои иштирок дар нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди ин кишвар шуда буд.