ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Нахустин гурӯҳ иборат аз 165 нафар рӯзи 16-уми майи соли равон тариқи ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим хабар доданд.
“Сар аз фардо 16 май сафарбаркунии зоирони тоҷик аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд сурат мегирад. Шаҳрвандони кишварро дар фурудгоҳ намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел хоҳанд кард”, - таъкид карданд дар Кумитаи дин.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои адои маносики ҳаҷ дар соли 2025 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бояд қайд кард, ки имсол Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Акнун аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надоранд, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад.
Тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Арабистони Саудӣ, ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.