Иштироки садҳо ҳайатҳои хориҷӣ дар KazanForum 2025: видео

Як чорабинии бузурги иқтисодӣ, ки дар Русия мегузарад, таваҷҷуҳи ҳайатҳои беш аз 100 кишвари ҷаҳон ва беш аз 10 ҳазор ширкаткунандаро ба худ ҷалб кардааст
Sputnik
Дар пойтахти Тотористон Анҷумани XVI байнулмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: ҚазанФорум" ҷараён дорад.
Дар соли 2025 ҳайатҳои 103 кишвари ҷаҳон ба KazanForum 2025 омаданд. Дар KazanForum бисёр кишварҳо, инчунин минтақаҳои Русия ғурфаҳои худро омода кардаанд.
Барои мисол, Туркманистон ба ин чорабинӣ қолинҳои дастбофи бузурги худ ва ҳатто тухми шутурмурғ овардааст. Дар ғурфаҳои молҳои ҳунарҳои миллтӣ ва ғайраро дидан мумкин аст.
Дар соли 2025 дар KazanForum зиёда аз 10 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард.
Аждаҳо, қолинҳо, бозори ҳалол: KazanForum 2025 дар Тотористон чӣ гуна мегузарад
Дар чорабинии байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон як ҳайати Тоҷикистон низ ширкат дорад.
KazanForum худро ҳамчун як платформаи муассири байналмилалӣ барои рушди шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Русия ва давлатҳои ҷаҳони ислом муаррифӣ кардааст.