ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба корҳои илмӣ рафтори ҷиддӣ дорад.
Дар ин бора намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой дар Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Душанбе изҳор дошт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Швидкой, ин раванд бо дастгиртӣ ва ҷонибдории раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ба илм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, ки имрӯз як олими ҷавон, як инсони дорои нақшаву андешаҳои зиёд президенти Академияи илмҳо интихоб ва тасдиқ шудани он далели он аст, ки дар кишвар ба эҷодиёти илмӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад", - гуфт ӯ.
Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия ҳамчунин афзуд, ки равобит дар бахшҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фаъолона рушд мекунад.
Ғайр аз ин, Швидкой дар бораи аҳамияти кори илмӣ таъкид кард. Ҳамин тариқ ба гуфтаи вай, замиаи зеҳнӣ як қисми муҳими иқтисодиётро ташкил медиҳад.
"Агар қаблан дар ҳама гуна маҳсулот қисми зеҳнӣ 10-15%-и арзиши онро ташкил медод, имрӯз мо инро на танҳо дар истеҳсолоти осоишта, балки дар истеҳсолоти низомӣ, ба 80, ҳатто ба 90% мерасад, низ медидем. Ин кори зиёиён, ин кори олимон аст", - гуфт Швидкой.
Бинобар ин дарк кардан лозим аст, ки оянда бештар ба эҷодиёти зеҳнӣ ва маънавӣ вобаста аст, гуфт дар хотима намояндаи вижаи президенти Русиядар умумри ҳамкории байналмилалӣ маданӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15 май дар шаҳри Душанбе Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараён дорад.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар иштирокчиён аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок доранд. Анҷумани XVIII-и зиёиёни илмӣ ва эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2006 ҳамасола баргузор мешавад. Дар доираи форум дар пойтахти Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои вижаи илмӣ омода карда шудаанд.