ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҳайати Афғонистон ба раёсати Абдулбории Умар, раиси умумии иҷрои ширкати “Брешно”, ба ҳадафи иштирок дар нишаст лоиҳаи минтақаии CASA-1000 ба кишвари Тоҷикистон омад
Тибқи хабари ширкати “Брешно”, қарор аст ин нишаст бо ҳузури намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизстон, Афғонистон, Покистон ва намояндагони банки инкишофи исломӣ ва соири ниҳодҳои байналмилалӣ баргузор шавад.
Ҳадафи аслии баргузарии он, баррасии пешрафтҳо, чолишҳо, роҳҳалҳо ва барномаҳои ояндаи лоиҳаи CASA-1000 аст.
Тавре дафтари матуботи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст дар ифтитоҳи ҷаласа муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода суханронӣ намуда, аҳамияти стратегии лоиҳаи "CASA-1000"-ро барои кишварҳои иштирокчӣ таъкид кард.
Зимни ҷаласа, ки давоми ду рӯз (13-14-уми май) баргузор мегардад, масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" баррасӣ мешаванд.
Афғонистон дар ин лоиҳа нақши муҳимме ба унвон тронзит дорад.
Дар поён нишаст, иштироккунандагон ҳамчунон аз зеристгоҳои конвертории 1300 МВт дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии "Норак" боздид хоҳанд кард.
Ширкат “Брешно гуфтааст, ки ба ҳимояти молии Бонки ҷаҳонӣ мутаъаҳҳид аст, ки ин лоиҳаро ҳарчи зудтар такмил кунад то равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳои узви лоиҳа тақвият шавад.
Гуфтанист, ки ин лоиҳа гомии муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, тавсеаи зерсохтҳои энержӣ дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки 15-уми майи соли 2025 баргузории ҷаласаи навбатии Шурои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи CASA-1000 аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии муштараки байни Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ аст, ки барқро аз Қирғизстону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон интиқол медиҳад.