Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши KazanForum-2025 ширкат мекунад

Тибқи барномаи ҳамоиши "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum 2025" намояндагони Тоҷикистон дар чанд иҷлосия ҳузур хоҳанд дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳайъати Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони Ислом: KazanForum 2025" ширкат мекунад.
Тибқи барнома намояндагони ҷумҳурӣ дар чанд ҷаласа, аз ҷумла фарҳанги ҷаҳони русу ислом ва ҳакамии тиҷоратӣ дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ширкат мекунанд.
Аммо дар бораи ҳайати ҳайати Тоҷикистон ва теъдоди ширкаткунандагони KazanForum 2025 иттилоъи дақиқе нест.
Тавре раиси Оҷонси рушди сармоягузории Тотористон Талия Минуллина қайд кард, барои ширкат дар форуми байналмилалии иқтисодӣ намояндагон аз 103 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.
Ба гуфтаи вай, имсол теъдоди ширкаткунандагон аз кишварҳои африқоӣ афзоиш ёфтааст. Вай барои ин пеш аз ҳама нишасти сарони БРИКС дар соли гузашта дар Қазонро далел овард.
Минуллина қайд кард, ки бузургтарин ҳайатҳо - зиёда аз 100 нафар - аз Малайзия, Туркия, Афғонистон, Туркманистон, Нигерия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сенегал ва Эрон меоянд.
Тотористон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллион доллар маҳсулот содирот кардааст
Аз 13 то 18 май дар Қазон Анҷумани XVI байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони Ислом: KazanForum" баргузор мешавад. Он дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи Expo Kazan баргузор мешавад.
Анҷуман худро ҳамчун як платформаи муассири байналмилалӣ барои рушди шарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Русия ва давлатҳои ҷаҳони ислом муаррифӣ кардааст.
KazanForum ҳамчун платформаи муколамаи ошкоро ва манфиатдор, муҳокимаи масъалаҳои мубрами замони мо ва табодули таҷрибаи пешқадам байни кишварҳое, ки ба ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ ва одилонаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд, аҳамияти хоса дорад.
Барномаи ғании Форум масъалаҳои ҳамкориҳои Русия ва кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла молияи исломӣ, саноати ҳалол, саноат, логистика, тиҷорат, сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рӯзномаи занон, маориф, фарҳанг, варзиш ва сайёҳро дар бар мегирад.