ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир 36 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои СҲШ ба таҳсил мекунанд.
Дар баробари ин 7 ҳазор донишҷӯи кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон ба таҳсил машғуланд, гуфт вазири маорифи кишвар.
Раҳим Саидзода зимни суханрониӣ дар конфронси солонаи Донишгоҳҳои СҲШ дар Чин гуфт, ки ҳоло барои густариши ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани тарҳҳои муштарак дар дохил ва хориҷи кишварҳои узв шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки баргузории форумҳои ректорон, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионии муштарак ва дигар иқдомҳои фарҳангиву таълимӣ дар доираи СҲШ имрӯз ба анъанаи неки ҳамкорӣ табдил ёфта, кафолати мустаҳками дӯстӣ ва шарикии кишварҳои узви ин созмон мебошад.
“Ташкили фазои ягонаи таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳое, ки манфиати умумӣ доранд, бозгӯи талоши дастаҷамъона барои фатҳи марҳилаҳои нав дар доираи фаъолияти СҲШ мебошад”,- афзуд вазир.
Ӯ инчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии низоми таҳсилотӣ, густариши лоиҳаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои ҳамтаълимӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, таълими пайвастаи калонсолон ва ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ дар самти технологияҳои нав ишора намуд.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати маориф, дар чорабинии сатҳи баланд ҳамчунин роҳбарони вазоратҳои маорифи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Чин ҳузур доштанд.
Дар ин дидор намояндагони сатҳи баланди баъши маориф имкони муҳимми муаррифии роҳҳои наву инноватсионии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаро баррасӣ кардаанд.