ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ба иттилои сардори Сарраёсати омори Суғд Ҳокимбек Накҳатзода дар вилоят 1242 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.
Ба гуфтаи вай дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 801 корхона ё 64,5% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи истеҳсолотро баланд бардошта, 221 адад ё 17,8%корхонаҳо сатҳи истеҳсолро паст намудаанд.
“Айни замон, 220 адад ё 17,7% корхона бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда, аз он 44 адад ҳамчун корхонаҳои аз фаъолият бозмонда арзёбӣ мегарданд” – гуфт Накҳатзода.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 133,3 дарсад расид
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба беш аз 133,3% расид.
Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 8,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нарх 2,3 миллиард сомонӣ бештар аст.
Бино ба иттилои сардори Сарраёсати омор дар ин давра аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 48,9% ба саноати истихроҷ, 44,6% ба саноати коркард, 6,1% ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 0,4%ба таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа рост омадааст.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нисбати семоҳаи аввали соли гузашта 2,2% зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли хӯроки чорво - 3,0 баробар, равғани растанӣ - 34,1%, хӯроки паранда - 20,6% ва орд - 19,8% ба амал омадааст.