Ҳашт шаҳрванди Афғонистон дар пайи таркиши кони ангишт дар Тоҷикистон ҷон бохтанд

Погрузчик для подземных работ R1700G на Гайском горно-обогатительном комбинате.
Дар пайи инфиҷори газ дар як кони ангишт дар вилояти Суғди Тоҷикистон, ҳашт тан аз коргарони муҳоҷири аҳли Афғонистон ҷони худро аз даст доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раёсати омодагии мубориза бо ҳаводиси табиии вилояти Дойкундӣ, зери идораи толибони ахиран аз ҷон бохтан ҳашт тан аз бошандагони ин вилоят дар асари оташсӯзии ношӣ аз гази метан дар як маъдани зуғоли санг дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин бора хабаргузҳории “Khaama” хабар додааст.
Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Дойкундӣ мегӯянд ки ин рӯйдод дар яке аз кони ангишти вилояти Суғд Тоҷикистон рух дода, ҳамаи қурбониёни он аз вилоят Дойкундии Афғонистон будаанд.
Бар асоси маълумоти ин идора, қурбониёни ин рӯйдоди шомили панҷ тан аз вулусволии Шаҳристон, ду тан аз вулусволии Миромур ва як нафари дигар аз вулусволии Оштралӣ аст.
Колодец, архивное фото
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
Телевизиони миллӣ дар Дойкундӣ гузориш додааст ки ин афрод барои кор ба Тоҷикистон рафта буданд.
Манбаъ хабар додааст, ки бо афзоиши бекорӣ ва набудани фурсатҳои корӣ дар дохили Афғонистон, бисёре аз бошандагони вилоятҳои марказӣ барои касб даромад, ба кор дар кишварҳои ҳамсоя рӯй овардаанд.