ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки барқияи табрикотӣ ба муносибати интихоб гардидадани Роберт Фрэнсис Превост ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ ирсол шудааст.
“Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид”, - қайд кардааст Раҳмон дар барқияи худ.
Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад.
“Мо омодаем, ки ба хотири идомаи ҳамкории созанда бо Ватикан, ки дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми якдигар роҳандозӣ гардидааст, дар оянда низ талошҳои муштараки самарабахшро ба харҷ диҳем”, гуфт Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки Попи Рум Лео XIV дар кӯшиши чаҳорумин пас аз марги Попи Франсиск аз ҷониби конклав интихоб шуд.
Роберт Фрэнсис Превост, номи Лео XIV, аввалин понтифик аст, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико игтихоб шудааст. Дар моҳи феврали соли 2025, Фрэнсис ӯро ба рутбаи кардинал баланд бардошт.