ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми семоҳаи аввали соли равон 1,8 млн метр мураббаъ қолин истеҳсол шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар гузориши вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли ҷорӣ иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, қолинбофӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 385 ҳазор метр мураббаъ зиёд мебошад.
Огентии омор қайд намуд, ки солҳои охир ба рушди қолинбофӣ дар Тоҷикистон бештар диққат равона шудааст. Аз ҷумла Ҳукумати мамлакат "Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ барои солҳои 2021-2025" қабул намуд.
Ҳадафи ин барнома ҳавасмандгардонии сармоягузорон, таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, кам кардани маҳсулоти воридотӣ ва таъмини ҳарчи бештари бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта танҳо дар корхонаи "Қолинҳои Қайроқум" зиёда аз 100 намуди қолинҳо истеҳсол ва ба хориҷи кишвар содирот шуд.
Раиси вилоят иттилоъ дода буд, ки дар панҷ моҳи аввали соли гузашта ба маблағи 950 ҳазор доллар корхонаҳои ин корхона ба хориҷи кишвар фурӯхта шуданд.