Беш аз 50 000 маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе шифо ёфта, ба ҷабҳа баргаштанд

Аз 29 госпитали эвакуатсионӣ дар Тоҷикистон 22 - тояш маҳз дар шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Беш аз 50 ҳазор маҷруҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар госпиталҳои Душанбе шифо ёфта, ба ҷабҳа баргашта буданд. Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" бо такя ба китоби номзади илмҳои таърих, Ғафур Шерматов - "Эвакогоспитали Таджикистана (1941-1945)" иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки аз 29 госпитали эвакуатсионии ҷумҳурӣ 22-тояш дар пойтахт ҷойгир шуда буд.
"52%-и шифоёфтагон дубора ба ҳифзи Ватан рафта, 47%-и дигар ба ҷабҳаи меҳнат сафарбар шуданд. Ҳамагӣ 0,4% захмиён бинобар ҷароҳатҳои марговар фавтиданд", - афзуд манбаъ.
Зикр гардид, ки нахустин гурӯҳи захмиёнро ба госпитали дар собиқ меҳмонхонаи "Сталинобод" ("Вахш") ҷойгирбуда ҳанӯз моҳи ноябри соли 1941 оварданд.
Маҷруҳонро тавассути қатора аввал ба госпитали тақсимкунандаи №4444, ки дар наздикии вокзали роҳи оҳани Душанбе воқеъ буд, меоварданд. Баъди муоина беморонро вобаста ба дараҷаи захм ба госпиталҳо тақсим мекарданд.
Бинобар набудани иншооти махсус, дар заминаи мактабу меҳмонхонаҳо фавран госпиталҳои муваққатии ҳарбӣ таъсис дода шуд.
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Мушкилтарин давра соли 1942 ба шумор мерафт, зеро дар шаҳрҳои Сталинграду Севастопол ва атрофи Қафқоз набардҳои вазнин сурат гирифт. Ба госпитал аз хати пеши набард лётчику танкчиёни сӯхтаро зиёд оварданд. Он замон маҳз дар Тоҷикистон нахустин шуда, малҳами арча ва равғани эфирии арчаро барои зудтар сиҳат ёфтани захмҳо истифода бурданд.
Манбаъ навиштааст, ки сокинони пойтахт, новобаста аз душвории вазъият, ба госпитал зарфҳои гуногун, бистару кӯрпача, либос ва меваю сабзавот меоварданд.
Барои касоне, ки бинобар маъюбӣ иҷозати ба майдони набард рафтан набуд, дар госпитал курсҳои омӯзиши муҳосибӣ, киномеханикӣ, устои радио, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро ба роҳ монданд, то дар ақибгоҳ ба коре машғул шаванд.
Умуман, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз минтақаҳои ҷангзада (Русия, Украина, Беларус) қариб 100 000 кас ба Тоҷикистон омаданд, ки аз онҳо 10 000 кӯдакон буданд.
Мардуми тоҷик онҳоро бо манзил, ғизо, либос ва пойафзол таъмин намуданд.
Барои хизмати арзанда дар таъмини Ғалаба 102 000 шаҳрванди Тоҷикистон бо медали "Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардиданд.