ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бо мақсади густариши содироти маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, 12 мошини боркаш ба самти се кишвари хориҷӣ —Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон равон гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин содирот аз ҷониби филиали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” дар назди Агентии содиротии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротӣ 222 тонна мебошад.
“Аз ҷумлаи он иборат аз 100 тонна пиёзи барвақтӣ, 100 тонна зардолу, 22 тонна лаблабу ва миқдори муайяни карам мебошад”, - хабар додааст манбаъ.
Маҳсулот аз ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Шаҳритус ҷамъоварӣ гардида, барои бозорҳои хориҷӣ омода ва содирот шудаанд.
Зикр карда шудааст, ки ин иқдом дар доираи татбиқи сиёсати содиротӣ ва дастгирии кишоварзони мамлакат сурат гирифта, ба рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии маҳсулоти табиии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.