Низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомии Минск қадамзанӣ карданд - видео

Як гурӯҳ низомиёни Тоҷикистон низ дар гузашти низомии шаҳри Минск роҳпаймоӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар паради бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, ширкат карданд.
Парадро подполковник Рустам Шарифзода роҳбарӣ мекард.
Дар шаҳри Минск дар маҷмааи меъморию муҷассамаи "Минск – шаҳри Қаҳрамон" паради низомӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд.
Пас аз суханронии Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, паради низомӣ бо парвози ҳавопаймоҳо ва чархболҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ва ҳавопаймоҳои гурӯҳи авиатсионии "Русский витязи" дар болои Минск оғоз шуд.
Иштироки сарбозони тоҷик дар гузашти низомии таърихӣ дар Маскав - видео
Дар парад ба ҷуз аз низомиёни Русия, посбони фахрии Артиши мардумии озодихоҳи Чин ва панҷ гурӯҳи парчамӣ аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.
Умуман, дар парад 4,8 ҳазор низомӣ қадамзанӣ кард.
Қобили зикр аст, ки парад дар пойтахти Беларус соати 20:30 пас аз бозгашти раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Александр Лукашенко аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Ғалабаи бузург дар Маскав оғоз шуд.