ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар паёми шодбошиаш гуфт, ки сокинони сулҳпарвари Тоҷикистон дар қатори тамоми мардумони сулҳхоҳи олам ҷашни таърихии 80-умин солгарди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил менамоянд.
Вай дар паёмаш собиқадорони меҳнат ва онҳоеро, ки барои ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми шаҳрвандии худро гузоштанд, табрик кард.
“Имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар, ки бо талошҳои пайгиронаи президенти кишвар барқарор гардидааст, барои пешрафт ва боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати аҳлона машғулем”, - таъкид кард Рустами Эмомалӣ.
Вай дар паёмаш қайд кард, ки Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба шумор рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар хотираю қалбҳои сокинони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.
Дар фарҷоми паёмаш раиси шаҳри Душанбе ба ҳар як сокини киишва саломативу хонаи обод таманно намудааст ва ба Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу кард.