ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Гузашти низомӣ бахшида ба 80-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ омаданд.
Раҳмон имсол дар тантана дар Майдони Сурх меҳмони фахрӣ шуд. Раҳбари Тоҷикистон як рӯз пеш дар доираи як сафар вориди Маскав шуд.
Дар навор дида мешавад, ки Путин ва Раҳмонро дар Кремл пеш аз оғози гузашти низомӣ пешвоз гирифту гуфтугӯ карданд. Президентҳо сӯҳбати кӯтоҳе анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9 май ба Маскав раҳбарони 29 кишвари ҷаҳон омада буданд. Дар парад ба ҷуз раисиҷумҳури Тоҷикистон сарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Босния ва Ҳерсеговина, Бразилия, Буркина-Фасо, Венесуэла, Ветнам, Гвинеа-Бисау, Миср, Зимбабве, Чин, Конго, Куба, Лаос, Муғулистон, Мянма, Фаластин, Сербия, Словакия, Гвинеяи Экваториалӣ, Эфиопия, Осетияи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Никарагуа ва Африқои Ҷанубӣ ширкат доранд.
Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалабаи бузург воҳидҳои паради 13 кишвар аз Майдони Сурх мегузаранд: Озарбойҷон, Ветнам, Беларус, Миср, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Мянма, Туркманистон ва Узбакистон.
Тоҷикистонро имсол ҳудуди 100 афсари нерӯҳои мусаллаҳ намояндагӣ мекунанд.
Шумораи умумии иштирокчиён аз 10 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Шом дар Маскав оташбозии идона барпо мегардад, ки дар он даҳ ҳазор оташак истифода мешавад.