ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони кишварҳои мухталиф, пас аз режаи низомӣ дар мақбараи Сарбози гумном дар боғи Александрови Маскав гул гузоштанд.
Пас аз анҷоми режаи низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Майдони Сурх раҳбарони 29 давлати дигар, ки ба Маскав омаданд, низ ба гиромидошти хотираи сарбозони ҳалокшуда рафтанд.
Ҳамин тариқ, намояндагони кишварҳо дар назди Оташи абадӣ гулчанбарҳои садбарги сурх гузошта, сипас як дақиқа сукут карданд.
Пас аз ин собиқадорон хотираи сарбозонро дар сари қабри Сарбози гумном пос доштанд.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 май бо як сафари корӣ вориди Маскав шуд.
Қабл аз ин ӯ дар як режаи низомӣ дар Душанбе ширкат карда, сипас барои мулоқот бо Владимир Путин ба Русия сафар кард.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои ҷашни Рӯзи Ғалаба - 9 май ба Маскав раҳбарони 29 кишвари ҷаҳон омада буданд. Дар парад ба ҷуз раисиҷумҳури Тоҷикистон сарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Босния ва Ҳерсеговина, Бразилия, Буркина-Фасо, Венесуэла, Ветнам, Гвинеа-Бисау, Миср, Зимбабве, Чин, Конго, Куба, Лаос, Муғулистон, Мянма, Фаластин, Сербия, Словакия, Гвинеяи Экваториалӣ, Эфиопия, Осетияи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Никарагуа ва Африқои Ҷанубӣ ширкат доранд.
Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалабаи бузург воҳидҳои паради 13 кишвар аз Майдони Сурх мегузаранд: Озарбойҷон, Ветнам, Беларус, Миср, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Мянма, Туркманистон ва Узбакистон.
Тоҷикистонро имсол ҳудуди 100 афсари нерӯҳои мусаллаҳ намояндагӣ мекунанд.
Шумораи умумии иштирокчиён аз 10 ҳазор нафар зиёд мешавад.