ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Сокинони ноҳияи Рашт, ки бар асари заминларзаи рӯзи 13 апрел зарар диданд, кумаки навбатии роҳбари давлатро гирифтанд.
Дар ин бора ҳокимияти ноҳияи Рашт бо гузоштани чанд акс аз ирсоли кумакҳо хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ин навбат кумак пурра аз масолеҳи сохтмонӣ иборат буд.
Қобили зикр аст, ки ин аллакай маротибаи саввум мешавад, ки роҳбари давлат ба сокинони Рашту Тоҷикобод кумак ирсол мекунад. Кумакҳои қаблан ирсолшуда дар баробари масолеҳи сохтмонӣ, инчунин аз маводи ғизоӣ ва ниёзи аввал иборат будаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод, ки маркази он ноҳияи Рашт ва Тоҷикобод гуфта шуд. Зилзиласанҷон шиддати заминларзаро дар марказ ба 5-6 балл арзёбӣ карданд.
Ба иттилои ситоди бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ин ду ноҳия 65хона пурра, 193 манзил қисман ва 150 хона зарари сабук диданд.
Илова бар ин, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 мактаб бар асари офати табиӣ низ хароб гардиданд.
Қаблан, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки ба сокинони ин ду ноҳия Маркази нави саломатӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ месозанд.
Гузашта аз ин, роҳбари давлат низ дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ба раисони Рашту Тоҷикобод ва дигар мақомдорон супориш дод, ки то 1 ноябр хонаводаҳои зарардидаро бо манзилҳои нав таъмин кунанд.