ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Қазоқитон ба Тоҷикистон содироти гандумро дар ҳашт моҳи гузашта 51% афзоиш додааст, иттилоъ додааст мақомоти расмии ин кишвар.
Узбекистон харидори асосии ғаллаи содиротии Қазоқистон гардид.
Аз моҳи сентябри соли гузашта дар ҳашт моҳ, Қазоқистон 7,6 миллион тонна гандум содирот кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58% бештар аст.
Қазоқистон ба Тоҷикистон 1 миллиону 100 ҳазор тонна гандум содирот кардааст, ки дар феҳристи харидорони аслӣ дар ҷойи дувум қарор гирифтааст.
Қисми зиёди ғаллаи Қазоқистон ба Узбекистон – 2,7 миллион тонна содирот шудааст, ки нисбат ба мавсими гузашта қариб 30 фоиз зиёд аст. Ҳамин тавр ин кишвар дар феҳрист дар ҷои аввал қарор гирифтааст.
Эрон бо 889 ҳазор тонна дар ҷои севум қарор дорад, ки 16 маротиба бештар аз захираҳои мавсими 2023-2024 аст.
Содирот ба Озарбойҷон - қариб 114 маротиба, 569 ҳазор тонна зиёд шудааст. Ҳамчунин содироти гандум аз Қазоқистон ба Афгонистон 33% афзуда, ба 270 хазор тонна ва ҳачми содирот ба Қирғизистон ду баробар афзуда, ба 181 хазор тонна расид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш давлати Қазоуистон эълом карда буд, ки Қазоқитон ба Тоҷикистон содироти ордро 4% афзоиш додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар соли 2024 ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 1,3 миллион тонна ғалла содирот шудааст, ки афзоиши ҳаҷми содироти ҳосили нав дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-ро 57 фоиз ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки ки Тоҷикистон воридкунандаи анъанавии ғалла ва орди Қазоқистон мебошад.
Тоҷикистон дар соли гузашта дар ҷойи дуввум миёни харидорони гандуми Қазоқистон қарор гирифта буд.
Дар садри воридкунандагон гандуми қазоқ Узбекистон меистад, ки надики ду миллион тон харидорӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷо 40% афзоиши назаррас ба қайд гирифта шудааст.