Маълум шуд Тоҷикистону Эрон дар Шероз чӣ санадҳо ба имзо расонданд

Тоҷикистону Эрон дар ҳошияи нишасти 17-уми Комиссияи муштараки ду кишвар панҷ санади ҳамкории иқтисодӣ имзо кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Дар шаҳри Шерози Эрон нишасти 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон таҳти раёсати Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон ва Аббос Алиободӣ, вазири нерӯи Эрон ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи охири чорабинӣ байни ду кишвар 5 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ба имзо расидааст.
Созишномаи Комиссияи муштараки Эрон ва Тоҷикистон;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Созмони миллии стандартии Эрон ва Агентии стандартизатсияи Тоҷикистон;
Созишнома ҳамкорӣ байни ширкати “Фароб”-и Эрон ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон;
Созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати “Сотроби формадгустари порсиён”-и Эрон бо Иттиҳоди миллии моҳипарварии Тоҷикистон
Созишнома ҳамкории Созмони сармоягузории Эрон бо ширкати “Инвест Тоҷикистон”.
Далер Ҷумъа аз натиҷаҳои ҷаласаи баргузоргардида изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки “умедворем ин дидорҳо боиси эҷоди заминаи устувор барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо хоҳанд шуд”.
Имзои панҷ санади ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Эрон
Дар ҳамин ҳол, Аббос Алиободӣ гуфтааст, “санадҳое, ки имрӯз бо ҳадафи густариши робитаҳои тиҷорӣ дар бахшҳои хидматрасонии фаннӣ, муҳандисӣ ва коло ба имзо расид, барои пуштибонӣ аз тоҷирон ва фаъолони иқтисодии Эрону Тоҷикистон меҳварҳоеро мушаххас кардааст, ки дар таҳкими ҳамкориҳо бисёр муҳиманд”.