ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Далер Ҷҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳошияи ҳафдаҳумини иҷлосияи ҳамкориҳои муштараки Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Шероз, бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои дуҷониба гуфт, ки Комиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон ба дунболи баррасии роҳкорҳои ҷадид барои густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи тиҷорӣ аст, иттилоъ додааст Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”.
Вай афзуд, ки дар қолаби ин тафоҳумнома, ширкатҳои эронии фаъол дар ҳавзаи обу барқ ин фурсатро хоҳанд дошт, то сармоягузориҳои худро дар Тоҷикистон идома дода ва тавсеа диҳанд.
Забону фарҳанги муштараки ду кишвар низ бистари муносибе барои истифода аз таҷрибаҳои Эрон дар ин ҳавзаҳо фароҳам карда аст.
Далер Ҷумъа бо ишора ба чашмандоз равшани ҳамкориҳо тасреҳ кард, ки пешбинӣ мешавад сатҳи ҳамкориҳо то ним миллиард доллар афзоиш ёбад.
Ҳамчунин табодули иттилооту содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ аз сӯйи Эрон дар қолаби ин тафоҳумнома густариш хоҳад ёфт.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин аз барномарезӣ барои афзоиши парвозҳои мустақим ва ҳазфи раводид байни ду кишвар хабар дод ва гуфт, ки Иди Наврӯз, иди муштарак ду кишвар аст ва бояд аз зарфиятҳои фарҳангии ду кишвар барои муаррифии беҳтари он баҳра бубарем.