Мақомоти Тоҷикистон шумори дақиқи соҳибкоронро расонаӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти соҳибкорӣ барои рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад ва ба ҳамин хотир соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, тариқи "Равзанаи ягона" то 1 апрели соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 376,7 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 ҳазор ё 5,1 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии омор аз ин шумора 335 ҳазору 153 ададашро соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 651 адад зиёд шудааст.
“Аз инҳо 53,6 ҳазор нафар тибқи патент, 38,0 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 62,9 ҳазор соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 180,7 ҳазор соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошанд”, хабар додааст ”, - қайд кардааст Агентии омор.
Мақомот: Таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон муҳим аст
Инчунин, ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2025 аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 41 ҳазору 526 ададро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1588 адад зиёд мебошад.