Ба ҷои 5 миллиард 6 миллиард ҷамъ шуд: Афзоиши ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон

Мақомоти андози ҷумҳурӣ дар маҷмуъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ таъмин менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 % таъмин гардид.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷои 5 миллиарду 445,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6 миллиарду 94,1 миллион сомонӣ ворид гардид.
Қайд карда шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба буҷа зарар мерасонанд: Нигаронии мақомоти андоз аз фаъолияти ширкатҳои якрӯза
Ёдовар мешавем, ки қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифи тарҳи буҷа дар парлумони Тоҷикеистон гуфта буд, ки дар соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар буҷа воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 млрд сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 млрд сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.