ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ба хазинаи варзишии Тоҷикистон боз се медали тило аз мусобиқаи Dushanbe Grand Slam - 2025 ворид шуд.
Барандагони нишонҳои тило Сомон Маҳмадбеков ва Муҳиддин Асадуллоев мебошанд.
Ин ду ҷудокор дар рӯзи дуввуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam - 2025 баромад намуданд.
Сомон дар вазни 81 кг дар охирин набардаш бар ҷудокори рус пирӯз омад ва барандаи медали тило гашт.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг варзишгари Муғулистонро шикаст дод ва нишони тилоро ба гардан овехт.
Илова бар ин, Аббакр Шеров ва Беҳрӯз Хоҷазода миёни ҳам барои медали биринҷӣ мубориза бурданд ва аввалӣ ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки 2 май дар Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2025 оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки 2 май дар Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2025 оғоз ёфт.
Ин чорабинӣ як қисми сайри ҷаҳонии федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) мебошад ва яке аз муҳимтарин оғози мавсим барои варзишгарон мебошад.
Имсол дар мусобиқа 238 нафар аз 28 кишвар, аз ҷумла Русия ширкат мекунанд. Иштирок дар онҳо ба варзишгарон имкон медиҳад, ки шумораи зиёди холҳоро ба даст оранд, ки барои интихоби Олимпиада ва дигар мусобиқаҳои калон муҳим аст.

Ғолибон дар ҳар як категорияи вазн ба рейтинги ҷаҳонӣ 1000 хол, ҷоизадорони нуқра 700 хол, биринҷӣ 500 хол мегиранд.