ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025”дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон вобаста ба сафари экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025”, ки дар моҳҳои июн-июли соли 2025 ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст ҷаласаи Кумитаи тадорукотӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа Ҷамшед Ҷумъахонзода – раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, фарҳанг, рушди иқтисод, Кумитаи давлатии самрмоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, телевизион ва радио, Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук, ВМКБ вилоятҳои суғд (маҷозӣ), хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, Ассотсиатсияи Блогерони Тоҷикистон ва Айна Керимова намояндаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Русия иштирок доштанд.
Оқои Ҷумъахонзода дар ин чорабини қайд намуд, ки ҳадафи асосии ин экспедитсия дидан намудан ва шиносоӣ пайдо кардан бо имконот ва зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Қайд карда шудааст, ки экспедитсия аз Русия оғоз меёбад ва тариқи роҳ бо 25 мошин аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Ҳамзамон аз ҷониби Айна Керимова намояндаи Шӯрои кории Тоҷикистон ва Русия вобаста ба чорабинии мазкур тариқи рӯнамо ба иштирокчиён ва ҳадаф аз баргузории Экспедитисия маълумот манзур карда шуд.